Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Санаи 15 майи соли 2023 дар ноҳияи Рашт ҷашни байналмилалии рӯзи оила бо иштироки муовини раиси ноҳия Муродзода Б.С, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон Идизода З.Ф баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ Муродзода Б.С ҳозиринро ба ин муносибат аз номи раиси ноҳияи Рашт табрику муборакбод гуфт.

Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, ҳамасола санаи 15-уми май таҷлил мегардад. Инак 24 сол мешавад, ки ин сана дар сатҳи байналмилалӣ бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бартараф намудани   мушкилоти рӯзафзуни оилаву оиладорӣ қайд мегардад.

Ҳамаи инро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-умро «Соли оила» эълон намуда буданд.

Дар охир аз тарафи муовини раиси ноҳия ва Раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кормандони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ туҳфаҳо ба оилаҳои намунавӣ супорида шуд. Аз тарафи бахши Фарҳанги ноҳия ба ин муносибат барномаи рангини фарҳангӣ роҳандозӣ гардид.