Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

Муқовимат бо коррупсия рисолати шаҳрвандӣ дар роҳи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Дар шароити ҷахони муосир падидаву зуҳуротҳои номатлуб ва равандҳои номуносибе зуҳур кардаанд, ки боиси аз байнравии давлатҳову кишварҳо гашта истодааст. Яке аз ин зуҳуроти хавфнок ва доғи рўз коррупсия ё худ фасоди молиявӣ мебошад. Таҳлилҳои кишварҳои буҳронзадаи ҷаҳонӣ бозгӯи он аст, ки ҳамин вабои аср, яъне коррупсияро нодида гирифта, сабаби заволи давлатдорӣ ва ҳато нестшавии бисёре аз кишварҳо гардидааст.
Воқеан, коррупсия ва омилҳои ба коррупсия алоқаманд барои рушди иқтисодиёт, сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини волоияти қонун ва пешрафти ҳар як кишвари соҳибистиқлол монеа эҷод карда, нобоварӣ ва бенизомиро ба вуҷуд меорад. Ин аст, ки ин падида имрўз ба яке аз масалаи асосии байналмилалӣ қарор гирифта, ҷиҳати коҳиш додани он талошҳои дастаҷамъона амалӣ карда мешавад.
Бо ин мақсад, аз санаи 31 октябри соли 2003, инҷониб, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия ташкил гардида, кишварҳои ҷаҳонӣ бо ҳамроҳшавӣ ба ин конвенсияи мазкур мехоҳанд шиддати коррупсияро коҳиш диҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати ҳамроҳ шудан ба ин конвенсия дар баробари беш аз 100 давлати дунё, санаи 25 сентябри соли 2006, имзо гузошт, ки 16 апрели соли 2008, аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки муқовимат ва мубориза бо ин вабои аср аз мақсадҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ то инҷониб бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ карда шуданд. Санаи 10 –уми январи соли 2007, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтани мақомоти махсуснигаронида бо номи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030», ва ҳамкориҳои пурсамар ба роҳ мондан бо ҷомеаи шаҳрвандӣ далели ин гуфтаҳо мебошад.
Аз рўи таъкидҳои доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубориза ва муқовимат бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти назоратбаранда набуда, балки рисолати ҳар фарди худшинос ва ватандӯст мебошад, ки барои пешгирии ҷиноятҳои хосияти коррупсиёнӣ дошта ва аз байн бурдани ин вабои аср саҳми назарраси худро гузоранд.
Дар умум ҳаминро метавон зикр намуд, ки тамоми вазорату идораҳои давлатӣ, донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, бахши хусусӣ ва шаҳрвандони кишварро лозим аст, ки бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ мубориза баранд ва корҳои фаҳмонидадиҳиро дар ин самт таҳким бахшанд. Маҳз бо ҳамбастагӣ ва фаъолиятҳои пурсамар мо метавонем бар зидди ин падидаи хавфнок мубориза бурда, ҳадафҳои стратегии худро амалӣ созем, волоияти қонунро дар кишвар таъмин ва нигоҳ дорем ва ҳаёти шоистаро барои ҳар фард дар фазои субботу амният ва ваҳдати миллии кишвари соҳибистиқлоламон таъмин намоем.

Манзура Файзуллозода –
Мудири Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ноҳияи Рашт