Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони пур аз масолеҳи сохтмонӣ ба аҳолии аз заминҷунби зарардидаи ноҳияи Рашт имрӯз 06 майи соли 2025 ба маҳали сохтмони манзилҳои истиқоматии осебдидагон расонида шуд.
Аз руи маълумоти ситоди бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ҳамаги 65 хонаи истиқоматӣ пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 хонаи дигар осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон зарар расидааст. Аз ҷумла, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 иншооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар иншоот зарар дидаанд.
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хисороти бинову иншооти давлати пурра муайян шуда, барои сохтмони манзилҳои истиқомати қитъаи замин, миқдори зарурии масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди хонаҳо дастрас шудааст. Аллакай дар мавзеи Зарангаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак корҳои сохтмони дар бунёди манзилҳои истиқомати шуруъ гардиданд.
Хонаҳои истиқомати барои осебдидагони заминларза бо назардошт
меъёрҳои сохтмонии ба заминҷунбӣ тобовар чорҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагӣ дар муҳлатҳои кутоҳтаринсохта ба истифода дода мешаванд.
Бо ин мақсад Аз тарафи Агентии давлатии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масолеҳи сохтмони ва техникаҳои заруриро ба маҳали зарардидагон расониданд, то суръати корҳои сохтмони ба талабот ҷавобгу ва дар муҳлати пешбинишуда анҷом дода шавад..