Дар партави сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи сокинони вилояти Суғд корвони пур аз маводи гуногуни хӯрока, сару либос, лавозимоти зарурии рӯзгор ва маҳсулоти сохтмонӣ иборат буда, бо 22 мошини калони боркаш рӯзи 20 апрели соли 2025 барои осебдидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ба минтақа ворид гардиданд.
Дар даромадгоҳи ноҳияи Рашт корвони мошинҳои пурборро аҳли ҷамоачигии ноҳия қабул намуда, Раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо вобаста ба рафъи оқибатҳои заминларза таваҷҷуҳи назар карда, иқдоми роҳбарияти олии кишварро мусбат арзёбӣ намуд.
Мақсад аз ин иқдом, ки бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардид, дастгирии моддӣ ва маънавии сокинони зарардида мебошад.
Ёдовар мешавем, ки пас аз рух додани офати табиӣ бо ибтикори Пешвои миллат чораҳои фаврӣ ҷиҳати расонидани ёрӣ ба осебдидагон роҳандозӣ гардида, тамоми ниҳодҳои дахлдор ба минтақаи зарардида сафарбар шуданд. Ирсоли кумак аз вилояти Суғд низ дар идомаи чунин тадбирҳо амалӣ гардид.