Ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон санаи 11 март расман Рӯзи матбуоти тоҷик қайд карда мешавад.
Ба ин хотир бо иқдоми раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо аҳли эҷоди рӯзномаи ноҳиявии, “Оинаи Рашт” ва собиқадорони матбуот қадрдонӣ ёфтанд.
Ба собиқадори матбуот Давлатов Абдулло, ки ба 86-умин баҳори умр расидааст, дар манзили истиқоматиаш кумаки молиявӣ расонида шуд.