Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР”  ДАР НОҲИЯИ РАШТ

  Санаи  6 марти соли 2025  бахшида баРӯзи  Модар” ҷамъомади  тантанавӣ бо иштироки  занону бонувони фаъоли ноҳия дар Қасри фарҳанги  ноҳияи  Рашт  баргузор  гардид.
      Дар оғози чорабини намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, сохторҳои  ҳифзи ҳуқуқ ва дигар меҳмонон аз намоишгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту идораҳо дидан намудан, ба ҳунари кадбонуҳо ва чеварон баҳои баланд доданд.
Баъдан, дар толори Касри фар
ҳанг маҷлиси тантанави баргузор гардида, раиси ноҳияи Рашт,  Идизода  Зарина Фузайлшо дар баромади, худ кулли занону бонувонро бахшида ба “Рӯзи модар” табрик намуданд.
Во
қеан занМодар азизтарин мавҷуди рӯи замин ва нафаси гарму дилнавози ӯ ибтидои ҳастист. Зан –Модар  сарчашмаи ҷовидонаи сидқу вафо, рамзи зебоӣ ва накӯӣ, нахустин мураббӣ ва тарбиятгари насли инсонӣ мебошад, зеро сиришти ин мавҷуди муқаддас иборат аз меҳри ростину садоқати фитрист.
Дар рафти чорабин
ӣ аз ҷониби раиси ноҳия зиёда аз 300  нафар ба занон ва бонувони собиқадору фаъоли  ноҳия  ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
   Дар фароварди чорабинӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия  барномаи ҷолиби консертиро пешкаши ҳаводорон намуда, табъи иштирокчиёнро болида гардонданд.