Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН.

 Санаи 17-уми феврали соли 2025 дар асоси нақшаи тасдиқгардида, баргузории вохӯриҳои номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии интихоботии якмандатаи Рашт 12, Идизода Файзали Фузайлшо бо интихоботкунандагони ноҳияи Рашт дар Қасри Фарҳанги ноҳия баргузор гардид.   Зимни вохӯри аз ҷониби шахсони боэътимоди номзад ҳолнома ва фаъолияти кории номзад ба саҳми интихобкунандагон расонида шудОид ба мақсад ва ҳадафҳои дар барномаи пешазинтихоботии худ номзадҳо   ба интихобкунандагон маълумоти муфассал пешниҳод намудандДар ин радиф барномаи пешазинтихоботии номзад ба интихобкунандагон дастрас карда шуд.  Дар фарҷоми вохӯри интихобкунандагон оид ба ҳали мушкилотҳои ҷойдошта дар маҳали худ суханрони намуда ба саволҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд.