Раиси ноҳия Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо Ҳисоботҳо

СОЛИ 2024 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

Санаи 13 январи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати мамлакат муҳтарам  Аҳмадзода Нурмуҳаммад Ато фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2024 натиҷагири карда шуд.

Раиси ноҳияи Рашт  муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо  оид ба натиҷаҳо дар соли 2024 ҳисобот  манзур намуда, аз ҷумла зикр кард, ки  иҷроиши нақшаи андоз, истифодаи неруи барқ, даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ  пурраю барзиёд таъмин гардиданд…

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Аҳмадзода Нурмуҳаммад Ато дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва тақвиятбахшии корҳо  ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таъмини сифатноки нақшаи андозҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, саноатикунонии босуръат, таъмини шуғлнокии аҳолӣ, истифодаи сарфакоронаю самараноки обу замин,  зиёд намудани майдони кишти картошка, ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардумро  таъкид намуда, ба масъулини дахдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар фарҷом  ба нафароне, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагидорӣ саҳми муносиб гузошта буданд аз тарафи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо  сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.