Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТУҲФАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ КӮДАКОНИ ЯТИМИ НОҲИЯИ РАШТ

Дар арафаи Соли нави мелодӣ  туҳфаҳои   Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони Мактабинтернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Рашт   расонида шуданд.

      Кумакҳои мазкурро аз номи Сарвари давлат ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Рашт таҳти роҳбарии   Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо ва дигар шахсони масъул  тақдим намуданд.
Кумакҳо  аз сарулибос, шириниҳои солинавӣ иборат буда, инчунин барои 169 нафар тарбиятгирандагон дастархони идона ороста шуд.
Ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд зери тава
ҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти мамлакат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Сарвари давлат пайваста ба шахсони яккаву танҳо ва табақаи эҳтиёҷманди мамлакат ғамхорӣ намуда, онҳоро дастгирӣ менамоянд, ки ин яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад.