Дар маркази ноҳияи Рашт Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта шуд. Дар ҷамъомад раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷамоатчигӣ иштирок доштанд. Қабл аз оғози чорабинӣ роҳпаймоии сокинони ноҳия сурат гирифт.
Раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо аҳли ҷамъомадагонро ба Рӯзи ҷашни Парчами давлатӣ табрик намуда, зикр гардид, ки воқеан, Парчами давлатии Тоҷикистон мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳамасола бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба ин рамзи давлатӣ тантанаҳои бошукӯҳ таҷлил мегардад.
Ҳамин буд, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар баробари дигар масоили мубрами рӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд ва дар моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ ифодаи худро ёфт…
Дар фарҷом бахши фарҳанги ноҳия бо таронаҳо дилангези ватандӯстона табъи ҳозиринро болида гардониданд.