Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ШУКӮҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

Дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талошҳои раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо корҳои ободонию созандагӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вусъати тоза касб карда, пайи ҳам биноҳои хуштарҳи замонавӣ қомат афрохта истодаанд.

  Ёдовар мешавем, ки имрӯз бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм  Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато дар якҷоягӣ бо раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо ба истиқболи  ҷашни  33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷамоати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт 4 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

 Бо итминон метавон гуфт, ки бунёди иншоотҳо ба некуаҳволии мардуми маҳал мусоидат намуда, симои ноҳияро ба куллӣ тағир хоҳанд дод.