Имрӯз намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато дар якҷоягӣ бо раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ба нақша гирифташуда ҷиҳати истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дидан карданд.
Ёдовар мешавем, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохтани 307 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ дар назар мебошад.
Аз ин шумора 39 иншоот ба соҳаи маориф, 15 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 10 иншоот ба соҳаи фарҳанг, 34 иншоот ба соҳаи варзиш, 69 иншоот ба соҳаи савдо ва хизматрасонӣ тааллуқ дошта, боқимонда 17 лоиҳаи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, 2 бинои маъмурӣ, 2 бинои истиқоматӣ, 18 лоиҳаи таъмир ва мумфарш кардани роҳҳо, 36 хати оби нӯшокӣ ва чоҳи амудӣ, 6 иншооти соҳаи сайёҳӣ, 5 иншооти соҳаи барқтаъминкунӣ, 7 ҳавзи моҳипарварӣ, 3 фермаи мурғрпаварӣ, 1 фермаи чорводорӣ, 2 сардхона ва 33 иншооти дигари соҳаи хизатрсонӣ вориди нақша мебошад.
То имрӯз аз он 129 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар 146 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Бо итминон метавон гуфт, кибунёди иншоотҳо ба некуаҳволии мардуми маҳал мусоидат намуда, симои ноҳияро ба куллӣ тайир хоҳанд дод.