Вохӯриҳои иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо дар якҷоягӣ бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи нақшаи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия доир ба таблиғи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, санаи 27 феврали соли 2024 дар Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак ва Ҷамоати деҳоти Ҷафр –и ноҳияи Рашт баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо суханронӣ намуда, мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ва амалӣ кардани вазифаҳои дар Паём зикршударо баррасӣ намуданд, ҳамзамон нақшаҳои созандагию бунёдкоронаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт соли 2024 ба самъи аҳолӣ расонида шуд.
Раиси ноҳия дар фароварди чорабиниҳо аҳли заҳмати ноҳия ва соҳибкорони маҳаллиро ба вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди саноат” даъват кард.
Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҷониби сокинони ноҳия суолу дархостҳо шунида шуда барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.