Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

Дар асоси дастури И.в раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ва накша чорабиниҳои бахши Фарҳанги ноҳияи Рашт бахшида ба 31 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳоиту Ясман, ҷамоати шаҳраки Навобод ва ҷамоатҳои деҳоти Оби меҳнат, Боқи Раҳимзода ва Тагоба барномаҳои фарҳанги таҳти унвони ” Ман ватанро беш ҳар вақта дорам дусттар ” бо иштироки ҳунармандони Қасри фарҳанг ва хонаҳои фарҳангии ҷамоатҳои деҳотии марбута баргузор карда шуд. Дар ин чорабинӣ озмунҳои хурди

” Иншои беҳтарин ” ва расми беҳтарин дар мавзӯъҳои “Ман аскари туам Ватан ” ва ” Артиши миллӣ сипари бо эътимоди Ватан ” гузаронида шуданд, ки мақбули тамошобинон гардида, ба баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ да Ватандустии ҷавонон мусоидат намуд.