Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

МАҶЛИСИ ВАСЕИ НАЗДИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ НОҲИЯИ РАШТ ИДИЗОДА ЗАРИНА ФУЗАЙЛШО

06.02.2024 Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт маҷлиси васеи назди иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо баргузор гардид.
Дар ма
ҷлиси васеъ муовини якум, муовинони раис, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд.

Масъалаҳои баррасишаванда:

1. Оид ба нақшаи таҳия, ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводу маълумотҳо вобаста ба таҳияи Барномаи кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеоянд.

2. Баррасии Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт аз 06 феврали соли 2024 ба муносибати рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Оид ба таъсис додани ҳайати комиссияи назоратӣ ҷиҳати ба тартиб даровардани ҳолати санитарию гигиенӣ ва баргузории аксияи тозагӣ дар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия.

4.Оиди пардохти маблағи истифодаи қувваи барқ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ.

5. Рафти корҳои омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2024-и ҷавонони ноҳия ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳракию деҳотӣ.

Дар фарҷоми маҷлис ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.