23 ноябри соли 2022 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30- солагии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт як қатор биноҳои нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар деҳаи Ҳоити Ҷамати деҳоти Ҳоит бунгоҳи тиббӣ ва бинои нави муассисаи таълимии №22, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва фонди хайриявии Тоҷикстон сохта шудаанд бо иштироки раиси ноҳияи Рашт Узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва намояндагонӣ фонди хайриявии Тоҷикстон мавриди истифода қарор дода шуданд
Сабтҳои охирин
Ифтитоҳи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ” дар шаҳри Ҳисор
02.07.2021 13:10, шаҳри Ҳисор 2 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Алмосӣ, деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ”-ро пас аз азнавсозӣ мавриди истифода қарор доданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то оғози корҳои сохтмонию азнавсозӣ дар осоишгоҳ ҳамагӣ […]
ТАНТАНАИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ дар фазои ноҳия беш аз ду ҳафта тантана дошт. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бахшида ба ин рӯзи муқаддас бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои бошандагони шаҳраку деҳот, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва пешкаши барномаҳои рангини фарҳангӣ чорабиниҳои идона баргузор гардид. Чорабинии ноҳиявӣ ба ин муносибат дар майдони варзишии деҳаи Қазноқи Ҷамоати […]
«ТОЧИКОНА МЕПУШЕМ»
Истиқлоли давлатӣ ба соҳаи фарҳанги Тоҷикистон таъсири амиқ гузошта, ба шинохти мардуми тамаддунофари тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои миллии аҷдодӣ ва фарҳанги бою ғании халқи тоҷик дар баробари дигар арзишҳои миллии […]


