Рӯзи 19- ноябри соли равон ба 24 нафар донишҷӯдухтарони Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт, ки дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсии ноҳия саҳми назаррас доштанд, аз тарафи Раиси ноҳияи Рашт Узви Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва шахсони саховатпеша пойафзол ва болопӯшҳои замистона дастрас карда шуд. Чунин дастгириҳо аз тарафи Раиси ноҳияи Рашт нисбати донишҷӯдухтарон мунтазам амали карда мешавад. Донишҷӯдухтарон аз иқдомоти раиси ноҳияи Рашт изҳори қаноатмандӣ намуда зикр карданд, ки ҳамеша дар баргузории чорабиниҳои фарҳангию сиёсии ноҳия иштироки фаъолона намуда ба халқу ватани хеш хизмат менамоянд.
Сабтҳои охирин
БОЗДИД АЗ РАФТИ КИШТИ КАРТОШКА
Имрӯз намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато дар якҷоягӣ бо раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо аз рафти кишти картошка дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳоит, Ясман дидан карданд. Ба намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дода шуд, ки дар бахши кишоварзии ноҳияи Рашт то имрӯз 836 гектар ғалладона, 299 […]
МИЗИ МУДАВВАР
Бо мақсади татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030», дар Ҷамоатҳои деҳоти Ҳоит ва Ясман як қатор тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд. Стратегияи мазкур ба баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, таҳкими оила ва таъмини баробарҳуқуқии гендерӣ […]
САНАИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ
Номаи шодбошии раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бахшида ба 30-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қабл аз ҳама Шумо ва тамоми сокинони ноҳияро ба ифтихори санаи муҳими таърихӣ 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии […]

