Машварати августи Кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Рашт аз 27.08.2022
Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлати ноҳияи Рашт ки рўзи 27 августи соли равон бо иштироки беш аз 600 нафар омузгорон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, собиқ мудирони шуъбаи маориф, омӯзгорони собиқадор, кормандони муассисаҳои томактабӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳракию деҳотӣ мудирони бахш ва шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони АВО-и муассисаҳои таълимӣ, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия маҷлиси машваратии августии кормандони соҳоаи маориф ноҳияи Рашт гузаронида шуд.
Дар маҷлис раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода иштирок намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, дар фаъолияти кормандони соҳа ва бартараф намудани онҳо дар соли таҳсили 2022-2023 сазовор истиқбол намудани ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихиву сарнавиштсози 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои судманд доданд. Муовини раиси ноҳия Муродзода Б.С.”Дар бораи натиљаи фаъолияти шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳияи Рашт дар соли таҳсили 2021-2022 ва вазифаҳои барои соли нави таҳсили 2022-2023” маърўза кард.
Дар маърўзаи муфассали муовини раиси ноҳия ҳамаи паҳлўҳои кори шуъбаи маориф, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар муассисаҳои зертобеи шуъбаи маорифи ноҳия таҳлили пурраи худро ёфтанд. Дар маърўза ва зимни баромади музокирачиён қайд гардид,ки мо кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Рашт фаъолияти худро дар партави сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, қарору фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумњурии Тоҷикистон, қарорҳои Мақомоти иҷроияи ҳокитмияти давлатии ноҳия,дастуру супоришҳои раиси ноҳия ба роҳ монда, бо натиҷагирӣ аз норасигиву камбудиҳое,ки дар маҷлис зикршон рафт хулосаҳои амиқ бардошта, дар соли нави таҳсил баҳри бартараф намудани онҳо чораандешӣ менамоем. Аз рӯи масъалаи муҳокимашуда иштирокчиёни маҷлиси машваратии августии ноҳия ба ҳамаи омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони муассисаҳои таълимт муроҷиатнома қабул кард,ки дар саҳифаввали рӯзномаи ноҳияви “Оинаи Рашт” ба чоп расид. Дар хотимаи маҷлис як гурӯҳ кормандони соҳаи маорифи ноҳия барои дастовардҳои назаррашон дар рушди соҳа ва таълиму тарбияи насли наврас бо нишонии сарисинагии “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шудаанд.