19 майи соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бо мақсади иҷрои дастури Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода бо иқдоми Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Конференсияи ҷумҳуриявии илмию адабӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода – мунодии сулҳу дӯстӣ» бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон ва аҳли зиё доир гардид.
Дар кори конференсия Хайринисо Юсуфӣ – муовини Раиси Хизби Халкии Демократии Точикистон
Фирӯза Турсунзода – фарзанди устод Мирзо Турсузода, доктори илми фалсафа Профессор
Ато Мирхоча – муовини раиси Иттифоки нависандагони Точикистон
Гулрухсор Сафиева – Шоири халкии Точикистон, шогирди Мирзо Турсунзода ва олимону донишмандон, аҳли қаламу эҷод, раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, ноҳияҳои Рашт, Файзобод, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», кормандони касбу кори гуногун ва сокинони шарафманди ноҳияи Рашт ширкат доштанд.
Нахуст раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода аз номи худ ва мардуми шарифи ноҳия меҳмононро хайрамақдам гуфта ба корӣ коференсия оғоз бахшида чунин қайд намуданд.
Мухтарам раёсат, меҳмонони олиқадр,
Дустони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз барои мо шарафи бузург насиб гардидааст, ки ба ифтихори 110-солагии Каҳрамони Точикистон, Шоири халқии Точикистон, ходими шуҳратёри адабиву чамъиятӣ ва сиёсӣ, чеҳраи тобони адабиёти муосири точик, устод Мирзо Турсунзода бо хушҳолӣ ҷамъ оем.
Боиси ифтихор аст, ки дар ҳар марҳалаи таърих тақдир барои халқу миллати мо шахсиятҳои номвару номдор ва шоёну шоистаро ҳадя намудааст, ки онҳо бо ҳастии ибратомузи хеш барои рушду равнақи кишвари азизи худ саҳми намоён гузошта меоянд.
Дар давоми беш аз сад соли охир бузургоне, монанди устод Садриддин Айнӣ, Бобочон Гафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Боқӣ Раҳимзода ва садҳо алломагону бузургмардон арзи ҳастӣ намуданд ва устод Мирзо Турсунзода дар пешгоҳи ин симоҳои мунири таърихӣ қарор дорад.
Дар миёни шоирони класик ва муосир кам шоиреро метавон ёфт, ки мисли устод Турсунзода то ин ҳад мардумӣ бошаду дарди дили мардуми дунёро ифшо созад ва мардум ӯро мисли фарзанд дуст доранд.
Хато намекунем агар гуем, ки ин фарзанди баруманди халқи тоҷик бо маънои томи ибора як умр қаҳрамон буд ва қаҳрамон боқи монд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 майи соли 2001 дар бораи ба шоири халқии Тоҷикистон, ходими намоёни ҷамъиятӣ Мирзо Турсунзода додани унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» далели ин гуфтаҳо мебошад.
Ин адибу сиёсатмадор аз соли 1946 то поёни умри фидокоронааш – то соли 1977 раиси соҳибфазли Иттифоқи нависандагони Точикистон, котиби садорати Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди шуравӣ, 30 сол раиси Кумитаи шуравии якдилии мамлакатҳои Осиёву Африқо, узви Шуроӣ умумиҷаҳонии сулҳ, узви фаъоли Кумитаи сулҳи Иттиҳоди Шуравӣ, вакили халқи точик дар Шуроӣ Олии Иттиҳоди Шуравӣ, раиси Кумитаи сулҳи Тоҷикистон, вассофи хастанопазири сулҳу амният, ҳаёти осоишта ва пояндагии бахту иқболи неки инсоният ба шумор меомад.
Устод Мирзо Турсунзода ҳамчун фарзанди номдори халқи тоҷик дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ, дар давлатҳои Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Эрон, Миср, Ироқ, Индонезия, Лубнон, Кипр, Таиланд, Фаронса, Шведсия, Лаҳистон, Булғористон, Финландия, Танзания, Гвинея, Куба, Мексика, ҷумҳуриҳои тобеи Иттиҳоди шӯравӣ ва кишварҳои дигар ширкат ва суханронӣ намуда, ғояҳои олии ҳаётбахши сулҳу дӯстӣ ва озодии инсониятро тараннум намудааст.
Устоди тавонои сухан аз ибтидои роҳи эҷодӣ ҳамнафасу ҳамқадами халқи сарбаланд буда, тавассути шеъру достонҳояш сохтмонҳои бузург, рушди шаҳру деҳот, раванди тараққиёти саноату истеҳсолот, шодоб кардани дашту биёбонҳои ташналаб, бунёди роҳҳо, мактабу маориф, донишкадаву донишгоҳҳо, Академияи илмҳо, таъсиси муассисаҳои фарҳангию ҳунарӣ ва кулли дигаргуниҳои чашмраси замонро шоирона истиқбол кардааст.
Халқ бар шеъри тару бар гармии дидори ӯ
Чун ба иқлими Ватан бисёр одат карда буд.
Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо, халқ буд,
Ҳар куҷое халқ буд, Мирзои Турсунзода буд.
Аз ин хотир, бо мақсади иҷрои дастури Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода бо иқдоми Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт имрӯз Конференсияи ҷумҳуриявии илмию адабӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода – мунодии сулҳу дӯстй» бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон ва аҳли зиё доир гашта истодааст.
Дар рафти конференсия суханрониии меҳмонон аз ҳаёту фаъолияти шоир манзури аҳли нишаст гардонида шуд.
Дар фароварди конференсия дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанг барномаи ҷолиби консертиеро пешкаши ҳаводорон намуда табъи иштирокчиёнро болида гардонданд.