Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА: “ПАЁМ – РАҲНАМО БА СӮИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА”

Ҳафтаи сипаригардида раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  дар ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод бо интихобкунандагони хеш вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрие, ки 26 марти соли равон дар кохи фарҳанги шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт баргузор гардид, оид ба муҳтавои  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан кард.

Дар вохӯрӣ фаъолони ноҳия аз тамоми деҳаҳои дуру наздик ширкат варзиданд.

Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода дар вохӯриро кушода, раиси Маҷлиси намояндагонро ба ноҳия марҳабо гуфт.

Маҳмадтоир Зокирзода дар суханрониаш оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои оянда муайяншуда, пешбурди сиёсати хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақоми занон дар ҷомеаи имрӯзаи кишвар, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ  сухан кард.

Аз ҷумла,  ёдовар шуд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонӣ то 23,6 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт.

Бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати даҳҳо ҳазор гектар афзоиш дода шуд. Ва мо бояд дар оянда дар ин самт корро боз ҳам хубтар монем. Заминҳои бекорхобидаи диёрамонро барои кишт тайёр намоем.

Дар кишвари мо ба тадриҷ соҳаи саноат рушд меёбад. Барои рушди соҳаи саноат    истеҳсоли барқ муҳим аст. Дар сурати пурра ба кор андохтани НБО-и «Роғун» ба истиқлоли энергетикӣ мерасем ва имкони ташкили корхонаҳои калонтар зиёдтар хоҳад шуд, ки масъалаи саноаткунонии мамлакат ҳалли худро меёбад.

Ӯ дар бораи рушди сайёҳӣ дар минтақаи Рашт низ сухан карда, таъкид намуд, ки бояд ҳар як сокини ноҳия дар ин самт ҳиссагузорӣ кунад.  Ин нукта дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ махсус таъкид гардидааст. Ҳар як фаъоли ноҳия вазифадор аст, ки барои амалӣ гардидани дастури мазкур талош намояд. Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот  масъалаи муҳим ва аввалиндараҷа мебошад. Дар минтақа барои ҷалби сайёҳони хориҷию дохилӣ имконият ҳаст. Сохтмони меҳмонхонаҳо, ҷалби ҷавонони боистеъдод ба соҳаи сайёҳӣ имконият медиҳад, ки дар қабули меҳмонҳои хориҷӣ мушкилие садди роҳ нагардад.

Пешвои муаззами миллат ба масъалаи илму маориф диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар Паёми имсолаи ӯ ин масъала аз мадди назар дур намонд. Рушди соҳа ва маърифатнокии ҷомеа метавонад ба пешрафти тамоми соҳаҳо такони ҷиддӣ диҳад. Баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”, ки бевосита бо ибтикори Пешвои муаззами миллат роҳандозӣ шуд, шавқу рағбати сокинони кишварро ба китоб ва хондани асарҳои гуногун зиёд намуд. Вақти он расидааст, ки ҷавонон бештар ба омӯзиши илмҳои дақиқ машғул шаванд. Дар баробари озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон минбаъд ҳар сол озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида мешавад. Албатта ҷавонон ба илмомӯзӣ рағбат доранд ва фароҳам овардани шароити мусоид имконият медиҳад, ки аз байни онҳо даҳҳо ҷавонони ихтироъкор ба воя расад.

Бо дастури Пешвои муаззами миллат бо мақсади дастгирӣ намудани кишоварзони мамлакат ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ хоҷагиҳои деҳқониро соли 2021 аз пардохти андози ягона озод карданд. Кишоварзони мамлакат аз ин ғамхории навбатии Пешвои муаззами миллат  руҳбаланд шуда, дар ҷавоби он содиқона заҳмат мекашанд ва бовар дорем, ки минбаъд ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода мебаранд. Рушди бонизоми соҳаи кишоварзӣ имконият медиҳад, ки сокинони кишварро бо маҳсулоти худӣ таъмин намоем.

Зикр кард, ки дар мамлакат омодагӣ барои дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ҷашн гирифтани сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон идома дорад. Ӯ роҷеъ ба дар замони соҳибистиқлолӣ мавриди истифода қарор гирифтани иншооти таъйиноти гуногун ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дигар тадбирҳои муҳим ҷиҳати рушди босуботи мамлакат  сухан кард.

– Дастуру супоришҳои дар Паём баёнгардида ва дар ҳаёт татбиқ шудани онҳо имконият медиҳад, ки соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат рушд ёфта, дар муддати кӯтоҳ барои сокинони кишвар зиндагии шоиста таъмин гардад, – гуфт дар интиҳои суҳбаташ раиси Маҷлиси намояндагон.

Дар анҷоми вохӯрӣ интихобкунандагон Бахтиёр Муродов, Зумрат Музаффарова, Худойназар Ғоибов ва Гулдаста Осимова атрофи Паёми Пешвои муаззами миллат ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки тамоми сокинони ноҳия сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ менамоянд ва Паёми ӯро ҳамчун чароғи ҳидоят ба сӯи ояндаи дурахшон истифода хоҳанд бурд. Сокинони заҳматқарини ноҳияи Рашт дар ҷавоби ҳама ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба пешвози 30-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат хастагиро ҳис накарда, ба корҳои ободонию созандагӣ машғул мебошанд.