Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Суханрониҳои раиси ноҳия Хабарҳо

САРҶАМЪӢ БАРАКАТ МЕОРАД

– Мардуми баруманди  ноҳияи Рашт бо меҳнати софдилонаи хеш ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини рушди бомароми иҷтимоию иқтисодии диёр заҳмат мекашанд. Умед аст, ки то Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми иншооти нақшавӣ бо сифати баланд сохта шуда, мавриди истифода қарор мегиранд, – иброз дошт ба хабарнигорони рӯзномаи “Ҷумҳурият” раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ.

Зикр бояд кард, ки саҳми соҳибкорон дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ, бахусус таъмири роҳҳо назаррас буда, дар давоми солҳои 2018-2019  аз ҷониби онҳо 63 километр роҳҳои автомобилгард асфалтпӯш шуд. Дар таъмиру тармим ва мумфарш намудани роҳҳо саҳми соҳибкори муваффақ Муҳиб Бобоҷонов хеле назаррас аст. Дар баробари бунёди даҳҳо иншооти гуногун тайи солҳои охир  аз тарафи Муҳиб Бобоҷонов ва фарзандонаш бо харҷи беш аз 3,5 миллион сомонӣ қисми шоҳроҳи байналмилалӣ дар ҳудуди ноҳияи Нуробод,  роҳи байни шаҳракҳои Ғарм – Навобод бо харҷи 250 ҳазор доллари амрикоӣ, инчунин, роҳҳои дохилии шаҳраки Навобод бо сифати баланд асфалтпӯш гашт. Бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолии деҳоти Ҳоит дар масофаи 8 километр, Ясман дар  масофаи 33 километр ва  Аскалон дар масофаи 7 километр ба маблағи 52370 сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ ба анҷом расонданд. Айни замон бо саҳми соҳибкор Ғаюр Ҷӯрабеков аз деҳаи Тагоба то Каландак мумфаршнамоии роҳҳо дар масофаи 3,5  километр ба маблағи 3 миллион сомонӣ идома дорад.

Инчунин, аз ҷониби соҳибкорон ва саҳмгузории бахши хусусӣ  8 майдончаи варзишии замонавӣ, 7 чоҳи амудӣ ва 4 хати оби нӯшокӣ, 3 бинои нави таълимӣ, 1 беморхонаи хусусӣ ва 2 бунгоҳи тиббӣ,   8 лоиҳаи чароғонсозии кӯчаҳо ва кашидани хати барқ ва 11 маркази савдову хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҳоло корҳои сохтмонии биноҳои 2 муассисаи томактабӣ, 9  таҳсилоти умумӣ, 2 китобхона, 2 бунгоҳи тиббӣ, 3 толори варзиш, 6 майдончаи варзиш, 2 дорухона, 3 меҳмонхона, 2 сартарошхона, 9 маркази савдову хизматрасонӣ, 5 чоҳи амудӣ, таъмиру барқарорсозии роҳҳо, чароғонкунии кӯчаҳо ва ғайра идома дошта, қисми зиёди онҳо дар арафаи Ҷашни 29 – солагии Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва аҳолӣ марҳилаи якуми сохтмони канали “Мардумӣ” дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх  дар арафаи анҷомёбист, дар сурати ба истифода додани он зиёда аз 100 гектар замин обёрӣ мешавад.

Дар ноҳия бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва сармояи хориҷӣ бунёди 12 коргоҳу корхонаи хурди коркарди пашм, мева, истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти қаннодӣ, мебел дар нақшаанду коргоҳи обҳои ташнагишикан, маҳсулоти қаннодӣ ва сохтмонӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Бақайдгирӣ ва барасмиятдарории корхонаҳои истеҳсоли хишт ва дӯзандагӣ дар арафаи анҷомёбианд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар самти коркарди пашм ва хушк кардани мева таҷҳизот ворид гардид. Бино барои истеҳсоли макарон омода гашт, таҷҳизоти зарурӣ дар муҳлатҳои наздик ворид мешаванд.

Дар ин давра дар мувофиқа бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 10 адад истгоҳҳои замонавӣ дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат – Рашт – сарҳади Қирғизистон ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд.

Аз ҷониби  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби маблағгузории бахши хусусӣ дар давоми соли 2020 сохтмони биноҳои бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Рувоз ва Сангикари Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода ва нуқтаҳои тиббӣ дар деҳаҳои Истиқлол ва Чуғдабиёни Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз мегарданд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд соли ҷорӣ сохтмони 2 бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Кочони Ҷамоати деҳоти Навдӣ ва Зарифии Ҷамоати деҳоти Тагоба ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Дар партави сиёсати фарҳангдӯстонаи Сарвари давлат аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохтмони китобхонаҳо дар деҳаҳои Қазноқ,  Қалъаи Сурх, Варзигон, Мусофирон ва Ҳиҷборак идома дошта, дар 9 шаҳраку деҳот сохтмони китобхонаҳо дар нақша аст.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2019 – 2022 сохтмони 4 меҳмонхона бо фарогирии 200 кати хоб идома дорад. Рушди минбаъдаи соҳа ва муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ба сифатнок иҷро гардидани барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2018 – 2020 вобастагии зиёд дорад.
Тибқи барнома дар давоми се соли оянда барои рушди сайёҳӣ аз буҷети маҳаллӣ 153 ҳазор сомонӣ ва аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ 2 миллиону 398 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи барномаи мазкур дар кӯчаи Сари Пули шаҳраки Ғарм сохтмони меҳмонхона, ошхона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва таъмири автомобилҳо,  дар деҳаи Ҷафр бунёди осорхонаи хусусии «Кӯҳсори Аҷам» ва осоишгоҳ бо ҳамаи имкониятҳо барои сайёҳон дар дараи Камароб аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ идома доранд.

Вобаста ба муҳайё намудани шароити фароғату истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар маркази ноҳия 3 меҳмонхона ва 1 ҳостел бо фарогирии 150 рахти хоб мавриди истифода қарор доранд. Соли равон ба ноҳия 732 сайёҳ, аз ҷумла 709 сайёҳи дохилӣ ва 23 сайёҳи хориҷӣ ташриф овард.

Дар ин шабу рӯз баҳри иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия кӯшиши зиёде ба харҷ дода мешавад, ки корҳо дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонда шаванд, дар  ин самт ҳамкорию дастгирии вазорату кумитаҳо хеле зарур аст, – гуфт Раҳимҷон Муқимӣ.