Паём ва суханрониҳои Президент

Суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Рафиқон генералҳо, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан!
Муҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз мардуми шарифи кишвар санаи таърихии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллии мо мебошанд, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани озоду соҳибихтиёрамон таҷлил мекунанд.

Ба ин муносибат мардуми сарбаланди мамлакат, тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар яки шумо-ҳозирини арҷмандро самимона табрик мегӯям.

Мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург доранд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дӯши хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаҳое гузошта шудаанд, ки тақдири миллат ва давлат, истиқлолияту соҳибихтиёрии Ватан, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии мамлакат аз ҳалли онҳо вобаста мебошад.

Дар ин лаҳзаҳои идона бори дигар изҳор медорам, ки афсарону сарбозони далеру шуҷои мо аз уҳдаи иҷрои ин рисолати басо пурмасъулият бо сарбаландӣ баромада истодаанд.

Ҳифзи марзу буми кишвар аз таҳдиду хатарҳои замони муосир, таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно ғайриимкон мебошад. Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо аз рӯзҳои аввали истиқлолият дарк мекард.

Вале маҳз дар ҳамон айём, яъне дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азизи мо бар асари фитнаву дасисаҳои душманони миллати тоҷик ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки дар натиҷа баррасии чунин масъалаи муҳимтарини давлатдорӣ, яъне таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таъхир афтод.

Танҳо баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ масъалаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба миён гузошта шуд ва мо ин ниҳоди муҳимми давлатиро дар як муддати кутоҳ амалан дар ҷойи холӣ таъсис додем.

Вақте ки қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ қабул гардид, мо на вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассисону кадрҳои касбӣ.

Ин дар ҳоле буд, ки дар мамлакат ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга мезад ва хавфи аз байн рафтани давлат ва пароканда шудани миллат ба воқеияти талху даҳшатноки рӯз табдил ёфта буд.

Табиист, ки танҳо бо қабули қарор тамоми масоили вобаста ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ яку якбора ҳал намешуданд. Зеро дар он рӯзҳо дар назди Ҳукумат вазифаҳои зиёде қарор доштанд, ки дар шароити бисёр мушкили молиявӣ, яъне холӣ будани хазинаи давлат иҷрои онҳо хеле вазнин буд.

Бо вуҷуди ҳама мушкилоти иқтисодиву молиявӣ Ҳукумати мамлакат ба бунёди инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, воҳидҳои алоҳида, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ ва таъмин кардани ҷузъу томҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд.

Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли 26 сол аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, тавре ки мебинем, имрӯз ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва нерӯи қодир ба ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон табдил ёфтаанд.

Сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои аввали истиқлолият – дар шароите, ки сару либос ва силоҳу лавозимоти дуруст надоштанд, дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ҷонбозиҳои зиёде карданд ва ҳазорон нафари онҳо дар ин роҳ қурбон шуданд, ки хотираи неки муборизони роҳи озодиро халқи сипосгузори тоҷик ҳеҷ вақт фаромӯш намекунад.

Бо мустаҳкам гардидани пояҳои давлатдорӣ таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳ бо техникаву таҷҳизот ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ тадриҷан беҳтар гардид ва маҳорату малакаи ҷангии ҷузъу томҳои низомӣ низ тақвият пайдо кард.

Қобили зикр аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар гӯшаву канори гуногуни кишвар, фурӯ нишонидани ошӯбҳои исёнгаронаи хоинону душманони миллати тоҷик ва даҳҳо амалиёти махсус садоқати худро ба Ватан борҳо собит кардааст.

Ҳукумати мамлакат барои тарбияи кадрҳо ва таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳ то имрӯз тамоми чораҳои заруриро амалӣ карда, ин равандро минбаъд низ идома медиҳад.

Дар замони истиқлолият зиёда аз 5000 ҳазор нафар ҷавонони мо муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии мамлакат ва давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва беш аз 600 нафар академияҳои ҳарбиро хатм кардаанд.

Ҳоло зиёда аз 90 фоизи афсароне, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд, хатмкардагони донишкадаву академияҳои ҳарбӣ, яъне мутахассисони соҳаи низомӣ мебошанд.

Имрӯз дар Литсейи ҳарбӣ ва Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа 1400 нафар таҳсил доранд ва муассисаҳои зикршудаи таълимиро ҳар сол 350 нафар хатм менамоянд.

Илова бар ин, дар доираи созишномаҳои бисёрҷониба ҳар сол беш аз 200 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии давлатҳои пешрафта фиристода мешаванд ва ҳамасола зиёда аз 150 нафар афсарон курсҳои такмили ихтисосро дар марказҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ хатм мекунанд.

Тайи бисту шаш сол ҳазорҳо нафар афсарони ҷавон аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар дар ҷузъу томҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ таъин карда шуданд.

Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки минбаъд низ ба масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисос барои сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, интихобу ҷобаҷогузории дурусти онҳо диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки ба масъалаи сифати корҳои тарбиявию сиёсӣ дар байни ҳайати шахсӣ, хусусан, дар самти кор бо наваскарон эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Дар ин раванд, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан ва савганди ҳарбӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дӯстиву рафоқат тарбия кардани афсарони ҷавон ва сарбозон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон, бо вуҷуди мушкилоти муайяни иқтисодӣ, доир ба таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ва баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Масъалаи беҳтар кардани шароити хизмат, зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар доираи ислоҳоти музди меҳнат маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ мунтазам зиёд шуда истодааст.

Дар зарфи солҳои охир ҳазорҳо оилаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда шудаанд ва мо ин корро минбаъд низ идома медиҳем.

Сохтмони шаҳраки низомиён бо тамоми шароити зарурии инфрасохторӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба нақша гирифта шуда, ҳоло корҳои сохтмони бинои истиқоматии 12-ошёна иборат аз 138 ҳуҷра дар марҳалаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Илова бар ин, аз ҳисоби буҷети давлат дар шаҳрҳои Бӯстон ва Ваҳдат низ биноҳои истиқоматии замонавӣ бунёд шуда истодаанд.

Танҳо соли сипаришуда ба муносибати ҷашни 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар қисму воҳидҳои ҳарбӣ даҳҳо иншооти инфрасохторӣ, машқгоҳҳои ҳозиразамон, аз ҷумла Маркази идоракунии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, бинои наву замонавии факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбӣ ва Маркази таълимӣ дар машқгоҳи саҳроии Фахробод сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар се соли оянда дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бунёди зиёда аз 300 биною иншоот ва инфрасохтори таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ҳоло шароити хизмат ва зисту зиндагии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ бамаротиб беҳтар гардида, имрӯз ба иҷрои босамари вазифаҳои хизматӣ, риояи интизоми ҳарбӣ ва паст шудани сатҳи ҷинояткорӣ таъсири мусбат расонида истодааст.

Вазъи бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳамеша ҳушёру зирак ва дар ҳолати омодабошӣ қарор дошта бошанд.

Бо дарназардошти ин, мо солҳои охир Барномаи азнавсозии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро марҳала ба марҳала амалӣ карда истодаем, ки ҳадафи асосии он таъмин намудани ҷузъу томҳои ҳарбӣ бо аслиҳаву муҳиммоти ҷангӣ, воситаҳои техникиву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ, боз ҳам беҳтар гардонидани шароити хизмат ва ба талаботи замона мутобиқ гардонидани он мебошад.

Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки дар баробари таъминот бо техникаву лавозимоти муосир иқтидори мудофиавии кишвар аз фаъолияти кадрҳои соҳибихтисоси дорои маҳорати баланди касбӣ вобастагии калон дорад.

Зарур аст, ки ҳолати омодабошии ҷузъу томҳо, хусусан, воҳидҳои дар минтақаҳои сарҳадӣ ҷойгиршударо таҳти назорати доимӣ нигоҳ дошта, ҳамкории сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, тартиби идоракунии онҳо дар ҳолатҳои зарурӣ мунтазам такмил дода шаванд.

Амалигардонии тадбирҳои зикршуда имконият медиҳад, ки идоракунии қӯшунҳо ва қисму воҳидҳои ҳарбӣ дар самтҳои амалиётиву стратегӣ дар ҳар ҳолат, сарфи назар аз вазъият, мустақиман дар минтақаҳо ташкил карда шавад.

Вазъи ҳарбиву сиёсии минтақа ва ҷаҳон, омӯзиши таҳдидҳои воқеии имрӯза ва хатарҳои эҳтимолӣ, ҳамчунин, пешбурди сиёсати мудофиавию байналмилалии Тоҷикистон тақозо мекунад, ки дар заминаи таҷрибаи андӯхташуда ва захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки омодабошии баланди ҷангии ҷузъу томҳо бо масъалаи захираҳои сафарбарӣ ва банақшагирии истифодаи дурусти онҳо дар вазъияти фавқулода вобастагии зич дорад.

Дар ин самт бояд чорабиниҳои зарурии вобаста ба санҷиши омодагии сафарбарии аҳолӣ ва омӯзиши маҳорату дараҷаи касбии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта амалӣ карда шаванд.

Ҳамчунин, ба сохтору мақомоти дахлдор зарур аст, ки дар доираи таҳияи Нақшаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳоро доир ба вазифаҳои мудофиаи аҳолӣ, ҳифзи иқтисодиёт, Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, тартиби иҷрои онҳо ва истифодаи самараноки захираҳои моддиву техникии ҷудошаванда муайян намоянд.

Бо мақсади таъмини амнияти устувор, пешгирӣ кардани хатарҳои торафт афзояндаи терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои муосир, вазъияти ҳарбиву сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки метавонад ба амнияти кишвари мо низ бевосита таъсир расонад, бояд ҳамкории судманд бо сохторҳои марбутаи минтақавӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.

Дар робита ба ин масъала, бори дигар изҳор менамоям, ки Тоҷикистон саъю талоши Ҳукумати Афғонистони дӯсту ҳамсояи худ ва ҷомеаи ҷаҳонро ҷиҳати роҳандозӣ кардани раванди сулҳ, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҳамеша дастгирӣ менамояд.

Илова бар ин, хотирнишон месозам, ки мо ҷонибдори собитқадами сулҳу оромӣ дар сайёра ва ҳалли ҳама гуна мухолифату низоъҳо бо роҳи осоишта ҳастем.

Чунонки мушоҳида мекунем, вазъи ҷаҳони муосир бар асари кӯшишҳои азнавтақсимкунии дунё ва дар ин замина шиддат гирифтани бархӯрдҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва мусаллаҳшавии бошитоб рӯз то рӯз печидаву пешгӯинашаванда гардида истодааст.

Тавре дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштам, имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд.

Бо вуҷуди чораҳои аз ҷониби давлатҳо дар самти мубориза бо терроризму экстремизм андешидашаванда фаъол гардидани гурӯҳҳои ҷинояткор ва созмонҳои террористӣ гувоҳи равшани вазъи мураккаби сайёра мебошад.

Тайи солҳои охир зиёда аз 100 давлати дунё ҳадафи ҳамлаҳои террористӣ ва амалҳои экстремистӣ қарор гирифта, шумораи ҳалокшудагон бар асари чунин аъмоли харобиовар ба садҳо ҳазор нафар ва зарари моддии он ба садҳо миллиард доллар расидааст.

Равандҳои муосири ҳарбиву сиёсии минтақа ва ҷаҳон собит месозанд, ки сӯйистифода аз терроризм ва идеологияи хушунатомези ифротгароӣ, кӯшишҳои сиёсисозии дини ислом ҳамчун бузургтарин хатар ба таъмини амният, сохти конститутсионӣ, дунявият, сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатҳо арзёбӣ мегарданд.

Ба ҳайати гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил гардидани баъзе шаҳрвандони мо ва ба задухӯрдҳои хунин дар минтақаҳои даргир ҷалб гардидани онҳо боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. Аслан, тавре ки ман борҳо таъкид кардаам, кӯшиши сиёсӣ кардани ислом кори бисёр хатарнок мебошад.

Мо даҳшати чунин амалро солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвари худамон, ки нав ба истиқлолият расида буд, дидем ва онро ҳаргиз фаромӯш намекунем.

Лекин дар миқёси сайёра, мутаассифона, доираҳои муайян тайи даҳсолаҳои охир тавассути сиёсӣ сохтани дини сулҳхоҳи ислом лоиҳаву нақшаҳои ғаразноки худро амалӣ гардонида, чандин кишварҳои дунё, аз ҷумла мамлакатҳои дар гузашта оромро ба вартаи ҷангу хунрезиҳои даҳшатнок ва ҳатто нобудии низоми давлатдорӣ расонида истодаанд.

Дар ин раванд, мафҳумҳои «радикализми исломӣ» ва «экстремизму терроризми динӣ»-ро танҳо ба номи дини мубини мардуми мусулмон мансуб медонанд.

Ва ин дар ҳолест, ки ислом табиатан ва моҳиятан ҷаҳонбинии сулҳу салоҳ мебошад ва бо хушунату зӯроварӣ, ҷангу хунрезӣ ва терроризму экстремизм умумияте надорад.

Мо ин масъалаҳои муҳимро дар ҷараёни пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои пешгирикунанда бояд ҳамеша дар назар дошта бошем.

Ба мардум, хусусан, ба наврасону ҷавонон бояд дақиқ фаҳмонем, ки бозичаи дасти дигарон ва иҷрокунанди иродаи доираҳои ғаразнок нашаванд.

Воқеият ва вазъи ҷаҳони муосир хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи моро водор мекунад, ки аз пештара дида, зираку ҳушёр бошанд, омодагии ҷангиро ҳамеша дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доранд ва қодир бошанд, ки мувофиқи вазъият амал карда тавонанд.

Бори дигар хотирнишон месозам, ки асоси муваффақиятро дар Қувваҳои Мусаллаҳ тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ ташкил медиҳад. Тоҷикон ҳамчун яке аз миллатҳои қадимтарини дунё таърихан мардуми сулҳхоҳу таҳаммулгаро, фарҳангиву тамаддунсоз ва ватандӯсту ватанпараст мебошанд.

Бо вуҷуди он, ки кӯшишҳои аз байн бурдани давлату миллати мо дар тӯли таърих борҳо такрор ёфтаанд, вале маҳз ҳамин хислати бузург, яъне ватандӯстӣ мардуми моро аз нестшавӣ нигоҳ доштааст.

Имрӯз ватандӯстӣ бояд сифати ҷудоинопазир ва эҳсоси қалбии ҳар як хизматчии ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон бошад. Яъне мо Ватани маҳбубамонро на бо сухан, балки бо қалби худ дӯст дорем.

Бо дарназардошти, он ки сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар асосан аз ҷавонон иборат аст, тарбияи ватандӯстӣ ва тақвияти ҳисси миллии сарбозон яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳайати афсарӣ ба ҳисоб меравад.

Бо ин мақсад ҳамаҷониба омӯхтани таърихи халқи тоҷик, ифтихор аз он ва гузаштагони шарафманди хеш – қаҳрамонони миллии халқамон ва дигар фарзандони сарсупурдаи миллат бисёр муҳим мебошад.

Ҷаҳони имрӯза, ки пур аз зуҳуроти номатлуб, терроризму экстремизм, таассуби динӣ, бунёдгароӣ, бегонапарастӣ ва дигар омилҳои манфӣ мебошад, аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ ҳушёриву зиракӣ, ҷаҳонбинии васеъ, сатҳи баланди донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, дараҷаи кофии омодагии рӯҳиву ҷисмонӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва маҳорату малакаи муосири касбиро талаб менамояд.

Роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро зарур аст, ки дар раванди тарбияи кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо риояи бечунучарои муқаррароти қонунгузорӣ, ойинномаҳои ҳарбӣ ва умуман, интизоми қатъии ҳарбӣ, инчунин, пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниро дар байни ҳайати шахсӣ таъмин намоянд.

Ҳар як афсар бо одобу ахлоқ, қобилияти ташкилотчигию маданияти баланди муносибату муошират бояд барои сарбозон намунаи ибрат бошад.

Роҳбарони ҷузъу томҳо бояд ба сарбозон мисли фарзандони худ муносибат намоянд. Шумо – афсарон дар тарбияи ватандӯстӣ бояд намунаи ибрати дигарон, бахусус, сарбозон бошед ва кӯшиш кунед, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванд гардад.

Тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ вазифаи танҳо афсарон нест. Дар ин кори муҳим бояд насли калонсол, падару модарон, мақомоти ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳмгузор бошанд.

Ҳозирини муҳтарам!

Тавре ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштам, мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва медонем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд.

Бори дигар бо итминон изҳор менамоям, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мо ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатиро бо интизоми қавӣ, омодабошии доимии ҷангӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ истиқбол мегиранд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳимояи марзу буми кишвар, дастовардҳои истиқлолият, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро бовар карда, ба шумо – фарзандони далеру шуҷои худ супоридаанд ва дилпуранд, ки шумо аз уҳдаи иҷрои ин рисолат бо сарбаландӣ мебароед.

Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳар яки шумо – фарзандони ғаюру далери Ватан, ба нангу номуси шумо, ба эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии шумо ва азму иродаи ҷавонмардонаи шумо итминони комил дорам.

Бори дигар мардуми шарифи кишвар, тамоми хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба ифтихори таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик мегӯям ва ба ҳамаи шумо – ҳомиёни ҷасури Ватан саломатӣ, хушбахтӣ ва дар роҳи ҳифзи Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлату миллат, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ матонату шуҷоат ва барори кор орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!