Хабарҳо
Қадрдонии раиси ноҳияи Рашт, Узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ба иштирокчиёни озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ
Аз ҷониби раиси ноҳия ба 32 нафар иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи донои китоб аст», «Илм фуруғи маърифат» ва «Тоҷикистон ватани азизам» ба маблағи 24 ҳазору 700 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, ба хонандаи синфи 9-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 Муродова Мунавара, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» […]
ҶАВОНОН ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ҲАСТАНД!
Дар давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ ҷавонони саодатманди кишвар бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо истифода аз донишу малакаи хеш дар соҳаҳои гуногуни кишвар фаъолияти пурсамар намуда, барои рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта истодаанд. Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, […]
ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ БАРГУЗОР ГАРДИД.
Санаи 11 октябри соли равон дар асоси амри раиси ноҳияи Рашт аз 01 августи соли 2023, № 133 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор гардид. Вобаста ба баргузории озмуни мазкур дар рӯзномаи маҳаллии “Оинаи Рашт” эълон ва нашр гардида, аз ҷониби 12 нафар довталабон ба […]
ИҶЛОСИЯИ ҲАЖДАҲУМ (ДАЪВАТИ ШАШУМ)-И МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ РАШТ.
Санаи 10 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иҷлосияи ҳаждаҳум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид. Иҷлосияро раиси ноҳияи Рашт, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ярхаб №23 Муқимӣ Раҳимҷон Набизода раисӣ намуд. Ба рўзномаи иҷлосияи ҳаждаҳум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт барои баррасӣ масъалаҳои зерин пешниҳод […]
БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКИ
Имрӯз мо Рӯзи забони тоҷикиро таҷлил намудем, ки бешубҳа яке аз муҳимтарин ҷашнҳои миллию давлатии мост. Зеро барои миллати мо забон на танҳо воситаи гуфтору муошират аст, балки як унсури бунёдиест, ки худи ҳувияти миллии мо бар меҳвари он бунёд шудааст ва худи бақои миллии мо бар пояи он таъмин гаштааст. Забон воситаи муҳиммтарини робитаи […]
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар давоми нуҳ моҳи соли равон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар давоми нуҳ моҳи соли 2023 фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Фармону Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда, Раиси ноҳияи Рашт, узвми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии […]
ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ДЕҲАИБОЛОШАҲРИ НОҲИЯИ РАШТ САНАИ 03.10.2023
Омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 77-и деҳаи Болошаҳри Ҷамоати деҳоти Оби меҳнат соҳиби бинои нави таълимӣ гаштанд, ки аз тарафи соҳибкорони ватанӣ Маликов Зафарҷон ва Давлатов Шарифбек сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои нави таълимӣ бо фарогирии 350 ҷои нишаст дар як баст бо сифати аъло сохта шуда, бо таҷҳизотҳои лозимӣ таъмин […]
МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚША ДАР РӮЗИ АВВАЛ
Субҳи имрӯз дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Сомониёни шаҳркаи Ғарм таҳти унвони «Мо, ҷавонон пайравони Пешвои миллатем» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд. Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи […]
30.09.2023 Суратгузориш аз рафти Идома додани корҳои созандагию бунёдкори ва мумфарш намудани роҳои байнидеҳавӣ дар деҳаи Навдӣ Ҷамоати деҳоти Навдӣ.