Дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт пайваста нисбати маъюбон ниёзмандон ва пиронсолони яккаву танҳо ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Бо ташаббуси раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо «Корвони саломатӣ» бо иштироки табибони Беморхонаи марказӣ ва Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ таъсиси дода шуд, хизматрасонии ройгони […]
Хабарҳо
КОРВОНИ СОЛОМАТӢ БА ДЕҲОТИ ДУРДАСТИ НОҲИЯИ РАШТ
Бо дастури раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо, ташаббуси роҳбарияти Беморхонаи марказӣ, Шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ дар ноҳияи Рашт ва тибқи нақшаи чорабиниҳои маркази саломатии ноҳия бо мақсади расонидани хизматрасонии ройгони тиббӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷрибаи тиббӣ, корвони саломатӣ таъсис ёфт. Дар доираи фаъолияти “Корвони саломатӣ” шурӯъ аз 12 апрели соли […]
ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА
Ба корҳои хайру савоб даст задани сокинони ноҳияи Рашт ба ҳукми анъана даромадааст. Чунин як ҳашари оммавӣ аз ҳисоби маблағҳои маросимҳои азодорӣ рӯзҳои аввали моҳи майи соли 2024 дар деҳаи Ялдамич сурат гирифта истодааст, ки даҳҳо сокинони деҳа ба ҳашарҳои оммавӣ баромада, беш аз 3 км роҳҳои дохилии деҳаро бо қуму шағал сангфарш намуданд. […]
ФАРМРНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ
Ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18 марти соли 2024 № 795 дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ 01.04.2024 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуд.
НАВБАТДОРИИ ШАБОНАРӮЗӢ ДАР ДОРУХОНАҲО
Бисёр ҳолатҳое мешуданд, ки шахси беморро шабона ба беморхона меоварданду бинобар баста будани дорухонаҳо пайдо намудани дорувории лозима барои беморон моне эҷод мекард. Барои ҳалли ин мушкилот раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо бо мудирони дорухонаҳои дар маркази ноҳия фаъолиятдошта вохӯрӣ намуда, (24.04.2024 ) ба онҳо дастур дода шуд, ки дар 15 дорухонаи гирду […]
АКСИЯИ ОММАВИИ ТОЗАГӢ
25 апрели соли 2024 бо ташаббуси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷангалзори мавзеи Буни Сафиёни Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода, ки тайи даҳсолаҳои охир партовгоҳи сокинони маҳал ба ҳисоб мерафт бо иштироки васеи кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва донишҷуён аксияи тозагӣ […]
МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД…
Дар доираи мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки 9- марти соли 2024 доир гардида буд, гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини директори маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Кароматулло, сармутахассиси маркази болозикр Қурбоншоҳи Илҳом ва мутахассиси пешбари Кумитаи дин, танзими анъана ва […]
ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, рассомӣ, дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, равона шудааст. Дар робита ба […]
Баргузории мусобиқаи варзишии Гӯштини миллӣ яке аз анъанаҳои Иди Наврӯзи байналмиллалӣ ба шумор рафта санаи 20-уми апрели соли ҷорӣ бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, мусобиқаи варзишии Гӯштини миллӣ дар ноҳия баргузор карда шуд. Мусобиқаи мазкур бо иштироки паҳлавонон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо иштироки зиёди мухлисон дар сатҳи […]
НАМОИШИ МАҲСУЛИ КАДБОНУҲОИ МИНТАҚАИ РАШТ, ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ..