1 июн, бо иштироки садҳо нафар кудакону ҷавонони ноҳияи Рашт дар Қасри фарҳанг бахшида ба Рӯзи кӯдакон чорабинии тантанавии идона баргузор гардид. Муовини якуми раиси ноҳия Идиева Зарина баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷуҳурии Тоҷикистон ҷамъомадро кушода эълон намуд. Сипас раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон Набизодда ба сухан баромада, кулли кӯдакону ҷавоноро бахшида ба Рӯзи […]
Author: rasht
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Имрӯз дар маркази ноҳияи Рашт шаҳраки Ғарм дар майдони назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳи хосса таҷлил гардид. Дар қисимати якуми чорабинӣ дар майдон намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардида, дар он ихтирооти хонандагон, ҳунарҳои дастӣ аз қабили гулдӯзӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ, оҳангари, ҳамчунин санъати чубтарошӣ, аз қабили табақу қошуқ, кафлез, мизу […]
Ифтитоҳи маркази хизматрасонии нав дар ноҳияи Рашт
ТАҚХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” яке аз бузургтарин ташкилотҳои молиявии пешсафи Тоҷикистон мебошад, ки дорои шабака бо беш аз 130 намояндагӣ буда, аз соли 1999 инҷониб дар бозори маблағгузории хурд амал мекунад. Ҳадафи асосии ташкилоти молиявӣ мусоидат ба дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва беҳтар намудани рушди молиявии аҳолии кишвар мебошад. Барои тадбиқи ин ҳадаф, 18 май дар минтақаи […]
Эй дўст биё, “Сайри гули лола” равем!
Бо ташабуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳия шаҳраки Ғарм бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 300 нафар занону бонувон Сайри гули лола зери унвони “Тоҷикона мепушем” бо иштироки сокинон ва намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия, шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи […]
БУНЁДИ 10 ГЕКТАР БОҒИ ИНТЕНСИВӢ
Рашт бо мавқеи ҷойгиршавӣ ва иқлими мусоид барои бунёд ва рушди соҳаи боғпарварӣ дорои имкониятҳои хуб мебошад. Меваҳои ноҳия, хусусан себу ноки он бо тамъу лаззати худ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он кайҳо боз машҳуранд. Дар доираи Барномаи рушди боғу токпарварӣ ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]
ВОХӮРИИ ҲАЙАТИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ РАШТ
6-уми апрел, дар рӯзи дуюми сафари ҳайати гурӯҳи корӣ ба минтақаи Рашт, ҷиҳати татбиқи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи иҷроия – Рудобаи Мукаррам дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бо иштироки ҷавонон, занон, имомхатибон ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа ҷамъомад доир гардид. Мавзӯи асосии дар […]
ДАР РӮЗИ АВВАЛИ ДАЪВАТИ ҲАРБӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ 121 НАФАР НАВАСКАРОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САФАРБАР КАРДА ШУДАНД
Имрӯз дар ноҳияи Рашт бахшида ба оғози мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ Рӯзи даъватшаванда доир гардид. Дар нахустин рӯзи сафарбарнамоӣ ва гусели ҷавонон ба сафи артиши мамлакат ноҳияи Рашт нақшаи даъвати ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона иҷро кард. Дар рӯзи оғози маъракаи даъвати баҳорӣ 121 нафар ҷавонони синни даъвати ноҳияи Рашт, […]
МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА: “ПАЁМ – РАҲНАМО БА СӮИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА”
Ҳафтаи сипаригардида раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод бо интихобкунандагони хеш вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрие, ки 26 марти соли равон дар кохи фарҳанги шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт баргузор гардид, оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии […]
ТАНТАНАИ НАВРӮЗ ДАР РАШТ
Дар байни ҳама ҷашну маросиме, ки то ба имрӯз пойдор мондаанд ва манзалату эътибори иҷтимоии худро ҳифз кардаанд, Наврӯз дар радифи муҳимтарини онҳо шинохта мешавад, зеро он ҷашнест табиӣ ва мансуб ба табиату инсон. Ин аст, ки дар фазои софу буғубори ноҳияи Рашт рӯзи 22 март зеботарин ҷашни озодӣ – Наврӯзи хуҷастапай бо […]
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯз
19.03.2021 20:00, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Хурду бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик мегӯям. Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, […]