Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону хонандагон, ҷавонон ва сокинони ҷамоат баргузор гардид.
Иштирокчиён бо парчамҳои давлатӣ ва шиору овезаҳои ватандӯстона дар роҳпаймоӣ иштирок намуда, эҳтирому арҷгузории худро ба яке аз муқаддасоти миллӣ — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода карданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ баргузор гардида, дар фазои тантанавию идона сурат гирифт.
Парчами давлатӣ — рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва сарбаландии миллати тоҷик!