Дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт роҳи дохили деҳа пас аз корҳои таъмиру асфалтпӯшкунӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни ифтитоҳи роҳ таъкид гардид, ки ободониву созандагӣ, бунёди роҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳисоб рафта, дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда мешаванд.
Сокинони деҳа аз ин иқдоми созанда изҳори хушнудӣ намуда, барои таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайваста ба роҳбарияти ноҳия изҳори сипос карданд.
Ин иқдом бозгӯи ободкориву созандагӣ ва саҳми арзандаи сокинон дар рушди инфрасохтори деҳот мебошад.

