Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАНТАНАҲОИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР РАШТ

Имрӯз 10 ноябри соли 2026 дар ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардиданд, ки тарранумгари хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат дар барқарорсозии сулҳу субот, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ, таваҷҷуҳ бо гузаштаи пурифтихор, ҳифз кардани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, рушди иқтисоди миллӣ ва муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ муҳим ва қобили мулоҳиза арзёбӣ шуданд.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми Раиси ноҳияи Рашт Шарифзода Ҳамдулло иштирок намуда, доир ба аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ, барқарории сулҳу субот ва мақому манзалати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории навини тоҷикон суханронӣ намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон бо итминони комил меъмор ва поягузори мактаби нав дар сиёсти хориҷӣ низ ҳисобид – иброз доштанд, нотиқон дар раванди чорабиниҳо.
Бо ифтихор бояд гуфт, ки мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд. Ва ҳамеша дар ёди онҳо боқӣ хохад монд.
Талх то ширин шавад ӯ нешҳоро нӯш кард,
Бори вазнини замони нангро бар дӯш кард.
Бо муҳаббат кинадори хешро оғуш кард,
Оташи ҷанги ватансӯзандаро хомӯш кард.