Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ноҳияи Рашт соли сеюм аст, дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, ҷамоати деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаи истиқоматӣ» натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, дар номинатсияи «Ноҳияи беҳтарин» сазовори мақоми дуюм мегардад.
Бояд таъкид намуд, ки дар ин раванд саҳми роҳбарии дурандешона, ташаббусҳои созанда ва фаъолияти пайгиронаи Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, ки бо мақсади татбиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ободонии маҳалҳо, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд, назаррас мебошад.
Ин натиҷаи шоиста, пеш аз ҳама, гувоҳи масъулиятшиносӣ, ҳамдилӣ ва заҳмати содиқонаи мардуми сарбаланди Рашт буда, азму иродаи қавии сокинонро дар роҳи ободии Ватан ва пешрафти ноҳия бозгӯ менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба тамоми сокинон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон ва шахсони саҳмгузор барои меҳнати софдилона ва иштироки фаъолона дар корҳои ободониву созандагӣ изҳори сипос намуда, ҳамаи онҳоро ба муносибати ин дастоварди арзанда самимона табрик менамояд.
Бигзор ин муваффақият оғози дастовардҳои боз ҳам бештар гардида, ноҳияи Рашт дар роҳи ободонӣ, созандагӣ ва рушди устувор ба қуллаҳои нави муваффақият ноил гардад!

