Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

Табрикоти Раиси Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода З.Ф.  бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва гиромидошти Рӯзи омӯзгор 

Имсол бори 17-ум аст, ки Рӯзи забони давлатӣ 5 октябр таҷлил мегардад, ки басо рамзист. Зеро гиромидошти Рӯзи забон ба рӯзе рост омадааст, ки дар ин рӯз пуштибони тавонои миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дунё омадааст. Эҳё ва шинохти ин забон ва миллат дар саросари ҷаҳон маҳз бо талошҳои ҷавонмардонаи ин фарзанди фарзонаи модари тоҷик вобастагӣ дорад.

Хурсандбахш аст, ки ду иди барои мо муқаддас, яъне Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор дар ҳафтаи аввали моҳи октябр таҷлил карда мешаванд.

Забони тоҷикӣ ва рушду ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ, ки аз 5 октябри соли 2009 қабул гардидааст, 17 сол боз таҷлил карда мешавад ва муҳимтарин рамзи истиқлоли давлативу сиёсии мо ба шумор меравад. Чунки маҳз истиқлоли забонӣ истиқлоли кишварамонро ташкил медиҳад.

Забони тоҷикӣ ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон таҷассумгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад. Барои гузаштагонамон ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст.

Ба ин маънӣ, забони тоҷикӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи соҳибтамаддун ва кӯҳанбунёди тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.

Хушбахтона миллати тоҷик тавонист, ки ин ёдгории бемислашро дар радифи дигар ёдгориҳои маънавии ниёгони худ ҳифз намояд ва онро то ба имрӯз ободу зебо оварда расонад.

Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.

Бинобар ин, муқаддастарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо аст, ки дар ин радиф Пешвои муаззами миллат, чунин қайд менамояд: “Моро зарур аст, ки ба ин рукни муқаддаси миллӣ, яъне забони давлатӣ арҷ гузорем ва онро барои ояндагон ба мисли аҷдодони некноми худ бегазанд ба мерос гузорем”.

Дар партави ин суханҳои пурмӯҳтаво аз забони шоир гуфтаниам:

Ҳоло, ки Рӯзи забон бо Рӯзи омӯзгор дар як вақт фаро расидааст, мехоҳам ёдрас намоям, ки бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат расидан ба қадру манзалати омӯзгорон ва арҷгузорӣ ба забони ноби тоҷикӣ сол то сол боз ҳам бештар мегардад. Агар забони миллӣ симо ва пайкари миллат бошад, пас омӯзгор симо ва пайкари илму маърифат аст.

     Пешаи наҷиби омӯзгорӣ, кору пайкори ҳамарӯзаи муаллими ҳақиқӣ, худафрӯзӣ ва сӯхтану сохтанҳои ӯ, заҳматҳои пайвастааш ба маърифатноксозии насли наврас сазовори ҳама гуна сипосу арҷгузорӣ ва эҳтиром мебошад. Омӯзгор машъали фурӯзонест, ки тинати мардумро нур мебахшад. Муаллими асил ба мисли боғбонест, ки наврустаҳои боғи зиндагиро бо меҳру муҳаббати тоза мепарварад, то онҳо беосеб ба камол расанд ва меваҳои пурсамар ба бор оранд.

Дар замони Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи маорифи ноҳия ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқарорукунии таълимгоҳҳои мавҷуда, дигаргуниҳои зиёде ба амал омад.

Ҳамасола ба миқдори муайян афзоши музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла аз 1 сентябри соли 2026 ба андозаи 25 фоиз зиёд намудани маоши вазифавии муассисаҳои то мактабӣ ва миёнаи умумӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” муқаррар гардидани як қатор имтиёзҳо барои муаллимони ҷавон, таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба он хотир аст, ки омӯзгор тамоми донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба насли наврас бидиҳад ва ҳамзамон худро хушбахт шуморад.

Умед дорам, ки омӯзгорони мо туфайли ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ раҳмон дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати донишу забондонии онҳо камари ҳиммат баста, посухи сазовор мегардонанд.

Дар охир ҳозирини муҳтарам  ва омӯзгорони гиромиро ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор самимона муборакбод гуфта, бароятон офияту саодати ҷовидон ва комёбиҳоро дар таълиму тарбияи насли наврас таманно менамоям.

               Сарбаланду саодатманд бошед!