Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАҚВИЯТИ ИҚТИДОРИ ОТАШНИШОНӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Бо мақсади таҳкими заминаи моддию техникии хадамоти оташнишонӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, аз ҳисоби Сарраёсати хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қисми 40-уми Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарм, ноҳияи Рашт, нақлиёти махсуси оташнишонӣ тақдим карда шуд.

Нақлиёти мазкур дорои зарфи обғунҷоиши 20 тонна буда, бо таҷҳизоти зарурии оташнишонӣ муҷаҳҳаз гардида, барои сари вақт пешгирӣ ва бартараф намудани ҳодисаҳои сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулода дар ҳудуди шаҳраки Ғарм ва минтақаҳои атроф пешбинӣ шудааст.

Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо барои дастгирӣ ва саҳми арзандаи Сарраёсати хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими имкониятҳои техникии хадамоти оташнишонии ноҳия изҳори миннатдорӣ намуданд.

Таъмини сохторҳои соҳавӣ бо техника ва таҷҳизоти муосир қадами муҳим дар самти таҳкими иқтидори хизматрасонӣ, таъмини амнияти аҳолӣ ва ҳифзи моликияти шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.