Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН» — ТАҶАССУМГАРИ ФАРҲАНГИ БАЛАНДИ ОИЛАДОРӢ

Оила ҳамчун муқаддастарин ниҳоди ҷомеа дар ташаккули маърифати инсон, тарбияи насли солим ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши калидӣ дорад. Пойдории оила бошад, пеш аз ҳама, ба меҳру муҳаббат, эҳтироми ҳамдигар, маърифати оиладорӣ ва риояи суннатҳои неки миллӣ вобаста мебошад.
Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ, тарғиби муносибатҳои солиму созанда миёни аъзои хонавода, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва тарбияи дурусти насли солиму ояндасоз, озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» дар Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт баргузор гардид.
Ин чорабинӣ на танҳо маҳорати кадбонуӣ ва ҳунару истеъдоди иштирокчиёнро муаррифӣ намуд, балки баёнгари он гардид, ки дар ҷомеаи тоҷик мақоми зан дар таҳкими оила, тарбияи фарзандон ва нигоҳдории фазои гарму самимии хонадон басо муҳим аст.
Зимни баргузории озмун таъкид гардид, ки оилаи солим — асоси ҷомеаи солим ва тарбияи дурусти фарзандон — кафили фардои ободи миллат мебошад. Аз ин рӯ, эҳтироми калонсолон, меҳру муҳаббати байниҳамдигарӣ, муносибати неку самимӣ ва ҳифзи суннатҳои миллӣ бояд ҳамчун арзишҳои муҳими зиндагии ҳар як оила пойдор нигоҳ дошта шаванд.
Озмуни «Хушдомани беҳтарин» ҳамчун як иқдоми муҳим дар самти таҳкими фарҳанги оиладорӣ, баланд бардоштани мақоми оила ва арҷгузорӣ ба зан-модар, бо фазои гарму самимӣ ва иштироки фаъоли бонувони ҷамоат баргузор гардид.