Имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Дар маросими баргузории озмун Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо иштирок намуда, суханронӣ карданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ» дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабиёти классикии тоҷик ва баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷомеа аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ яке аз бузургтарин сарчашмаҳои худшиносии миллӣ ва ганҷинаи бебаҳои адабиёту фарҳанги тоҷикон ба ҳисоб рафта, омӯзиш ва тарғиби он дар тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон нақши муҳим дорад.
Дар даври минтақавии озмун иштирокчиён бо қироати порчаҳо аз «Шоҳнома», донишу маҳорати адабӣ ва сатҳи омодагии баланди худ иштирок намуда, ба арзишҳои волои адабию фарҳангии миллӣ арҷ гузоштанд.
Баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар роҳи муаррифии осори безаволи адабиёти тоҷик, рушди қобилияти зеҳниву эҷодии ҷавонону наврасон ва таҳкими эҳсоси худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

