Имрӯз дар майдони марказии ноҳияи Рашт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷашни бузурги миллӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Тоҷиддин, Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонону донишҷӯён, хонандагон ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Иштирокчиёни чорабинӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ, ифтихор аз соҳибистиқлолии кишвар ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихи навини миллати тоҷик буда, маҳз ба шарофати он Тоҷикистон роҳи мустақили рушду пешрафтро интихоб намуда, барои таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам гардид.
Дар ноҳияи Рашт низ ба шарофати фазои сулҳу субот ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлат корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлол як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо барномаи рангини идона, суруду мусиқӣ, рақсу таронаҳои ватандӯстона ва баромадҳои аҳли фарҳанг идома ёфт.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор фаъолону кормандони соҳаҳои гуногун, ки дар пешрафти ноҳия, корҳои созандагиву ободонӣ ва татбиқи ҳадафҳои давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд, Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт тақдим гардиданд.
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт ба як рӯйдоди муҳими ватандӯстона табдил ёфта, бори дигар аз эҳтироми сокинон ба арзишҳои миллӣ, соҳибистиқлолӣ ва ояндаи ободи Тоҷикистон шаҳодат дод.

