Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ РАШТ

7 августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
 Дар он раиси ноҳияи Рашт,  узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳуоии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, муовини аввал, муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд.
Сараввал раиси ноҳия муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2026 ҳисобот пешниҳод намуданд.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз тарафи раиси ноҳия, муовинони раиси ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ба саволҳои пешниҳоднамудаи намояндагони воситаҳои ахбори омма посухҳои мушаххас дода  шудаанд.