Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ДАР РАШТ  4  ИНШООТИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Имрӯз дар ноҳияи Рашт бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Файзалӣ Фузайлшо, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳмадзода Нурмуҳаммад Ато ва Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо як қатор иншооти нави иҷтимоиву хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд.
Дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст меҳмонхонаи дуошёнаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт мавриди истифода қарор гирифт.
Иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои қабули меҳмонон ва баргузории чорабиниҳои гуногун бунёд гардида, ба симои маркази ноҳия зебогии тоза зам мекунад.
Ҳамчунин, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ 3 километри роҳи маҳаллаи Кочунӣ  Ҷамоати деҳоти Навдӣ мумфарш карда шуда, барои сокинони маҳалла шароити мусоиди  рафтуомад фароҳам оварда шуд.
Дар деҳаи Чақиҳои Ҷамоати деҳоти Аскалон бошад, муассисаи томактабӣ барои 60 нафар кӯдак ба истифода дода шуд. Иншооти нав барои фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои рушди зеҳниву ҷисмонии онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар маҳаллаи Фурудгоҳи Ҷамоати деҳоти Нусратуло Махсум низ маркази савдои замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти мазкур барои беҳтар намудани хизматрасонии савдо ба аҳолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкории маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.
Зимни ифтитоҳи иншоот таъкид гардид, ки бунёду ба истифода додани чунин иншооти муҳими иҷтимоиву хизматрасонӣ аз сиёсати созанда ва тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ дарак медиҳад.
Сокинони ноҳия аз мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин корҳои созандагӣ барои рушди минбаъдаи ноҳияи Рашт ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ заминаи устувор мегузоранд.