Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ РАШТ БО ШУКӮҲУ ШАҲОМАТИ ХОСА БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 02 августи соли ҷори  дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ирам»и шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Рашт бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангиву адабӣ пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.

Дар чорабинии мазкур Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ Фузайлшо, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳмадзода Нурмуҳаммад Ато, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб, Раиси ноҳияи Рашт Идизода Заррина Фузайлшо, Раиси ноҳияи Шоҳмансур Олимзода Сафар Маҳмадшо ва дигар меҳмонону масъулин иштирок намуданд.

Зимни боздид меҳмонон аз намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт дидан намуда, ба сатҳу сифати маҳсулоти пешниҳодшуда ва маҳорати ҳунармандон баҳои баланд доданд.

Ҳамзамон, аҳли фарҳанг ва ҳунармандони ноҳияи Рашт бо пешниҳоди барномаи пурмуҳтавои фарҳангиву консертӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсу оҳангҳои миллӣ табъи иштирокчиёнро болида гардонида, фарҳанги ғанӣ, суннатҳои неки миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистонро ба таври шоиста муаррифӣ намуданд.

Дар доираи чорабинӣ, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб ба Раиси ноҳияи Рашт Идизода Заррина Фузайлшо барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд, рушди робитаҳои байниноҳиявӣ ва муаррифии дастовардҳои ноҳияи Рашт дар пойтахти кишвар Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомониро тақдим намуд.

Ҳамчунин, Раиси ноҳияи Рашт Идизода Заррина Фузайлшо низ ба Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб ҷиҳати ҳамкориҳои судманд, дастгирии баргузории рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Рашт ва саҳмгузорӣ дар таҳкими муносибатҳои дӯстона Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Раштро тақдим намуд.

Бояд зикр кард, ки баргузории рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ, муаррифии имконияту дастовардҳои шаҳру ноҳияҳо, эҳёи арзишҳои миллӣ ва густариши фарҳанги волои тоҷикона мусоидат намуда, дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хосаи сиёсиву фарҳангӣ дорад.