22 июли соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъулин дар мавзӯи «Коррупсия, терроризм ва экстремизм – ҳамчун зуҳуроти номатлуби замони муосир» семинар баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории семинар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тақвияти мубориза бо зуҳуроти коррупсионӣ, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву масъулияти шаҳрвандӣ арзёбӣ гардид.
Зимни семинар таъкид карда шуд, ки коррупсия, терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддии ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, барои амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва пешрафти давлату ҷомеа монеаи ҷиддӣ эҷод мекунанд. Дар ин замина, саҳми ҳар як шаҳрванд, бахусус ҷавонон, дар пешгирии чунин падидаҳои номатлуб муҳим арзёбӣ гардид.
Иштирокчиёни семинар доир ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, таҳкими муқовимат ба коррупсия ва пешгирии ҳар гуна андешаҳои ифротгароёна мубодилаи афкор намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа изҳор доштанд.
Дар анҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки танҳо тавассути ҳамкории мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини мамлакат метавон бар зидди коррупсия, терроризм ва экстремизм муборизаи муассир бурда, фазои орому босуботи ҷомеаро ҳифз намуд.


