Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ВАҲДАТ  ОМИЛИ САРҶАМЪИИ МИЛЛАТ

Санаи 17 июни соли 2026 дар Ҷамоати деҳоти Оби Меҳнати ноҳияи Рашт бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Рашт Хушмаҳмадзода Фарзона иштирок намуда, паёми табрикии роҳбарияти ноҳияро ба сокинон расонид. Зикр гардид, ки Ваҳдати миллӣ аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор рафта, маҳз бо шарофати он кишвари азизамон ба сулҳу субот, пешрафту ободонӣ ва рушди устувор ноил гардидааст.
Ҳамчунин, иштирокчиёни чорабинӣ аз аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ҳифзу таҳкими ин неъмати бебаҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардида, фазои идона ва руҳияи ватандӯстӣ ба ҷашн ҳусни тоза бахшид.