14 апрели соли ҷорӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Тоҷиддин, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ва дигар меҳмонон аз намоишгоҳи бошукуҳи наврӯзӣ, ки ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ташкил ва баргузор гардид, боздид ба амал оварданд.
Дар ҷараёни боздид меҳмонон бо дастовардҳо, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар намунаҳои эҷодии сокинони ноҳия шинос гардида, ба ташкили сатҳи баланди чорабинӣ баҳои баланд доданд.
Намоишгоҳ бо мақсади эҳёи суннатҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги ниёгон ва арҷгузорӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардида, бо иштироки васеи сокинон ва ҳунармандон ҷараён гирифт.


