Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

НАВРӮЗ – ҶАШНИ ЭҲЁИ СУННАТҲО ВА ТАНТАНАҲОИ МИЛЛӢ

  Дар идомаи тантанаҳои бошукӯҳи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт чорабинии идона бо иштироки раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ намоиши дастовардҳои сокинон, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки аз ҷониби меҳмонон ва иштирокдорон бо таваҷҷуҳи хоса пазируфта гардиданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо аз намоиш дидан намуда, ба сатҳи омодагӣ, завқи баланди ороиш ва иштироки фаъолонаи сокинон баҳои баланд доданд.
Зикр гардид, ки таҷлили чунин анъанаҳои миллӣ дар руҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги аҷдодӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ нақши муҳим дорадҲамчунин, дар қисми фарҳангии чорабинӣ барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунармандон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ пешниҳоди ҳозирин гардида, фазои идонаро боз ҳам шукӯҳманд гардонид.
Тантанаҳои Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо рӯҳияи баланди идона ва иштироки фаъолонаи сокинон идома дошта, нишони эҳтироми мардум ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои аҷдодӣ мебошанд.