Дар ноҳияи Рашт ба ифтихори фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки рамзи эҳёи табиат, оғози фасли баҳор ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ба шумор меравад, чорабиниҳои бошукӯҳи идона бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардиданд.
Сокинони ноҳия бо рӯҳияи болида ва эҳсоси ифтихори миллӣ Наврӯзи хуҷастапайро истиқбол гирифта, бо оростани кӯчаву маҳаллаҳо, бунёди гӯшаҳои идона ва намоиши суннатҳои қадимаи миллӣ дар ин ҷашни фархунда саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Зикр гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни сулҳу дӯстӣ ва ҳамдилию ҳамбастагӣ, дар таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон нақши муҳим дорад.
Чорабиниҳои идона дар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва шодию нишот ҷараён гирифта, бори дигар шаҳодати он гардиданд, ки сокинони ноҳияи Рашт анъанаҳои неки аҷдодиро гиромӣ дошта, дар ободониву шукуфоии диёр саҳми босазо мегузоранд.

