Санаи 25 феврали соли 2026 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бо иштироки Сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт, полковники адлия Акобирзода Дилшод, Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони комиссариатҳои ҳарбӣ ва фаъолони соҳа Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ–амалӣ баргузор гардид.
Конференсияи мазкур таҳти унвони «Таҳлили вазъ, омилҳо ва манбаъҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм дар партави Паёми Пешвои миллат» доир шуда, дар ҷараёни он масъалаҳои мубрами замони муосир, роҳҳои пешгирӣ ва муқовимат ба зуҳуроти номатлуб мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки дастуру ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидааст, ҳамчун санади муҳими роҳнамо ҷиҳати таҳкими қонуният, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тақвияти мубориза бар зидди коррупсия, экстремизм ва терроризм аҳаммияти калидӣ дорад.
Иштирокдорон иброз доштанд, ки танҳо тавассути ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавон ба коҳиши омилҳои хавфзо ва таҳкими суботу амнияти ҷомеа ноил гардид.
Дар фарҷоми ҳамоиш миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷиҳати тақвияти чораҳои пешгирикунанда ва татбиқи амалии пешниҳодҳо тавсияҳои мушаххас қабул карда шуданд.

