Санаи 17 феврали соли 2026 дар Ҷамоати деҳоти Навдӣ вохӯрии навбатӣ оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Эмомалӣ Раҳмон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо иштирок намуда, нуқтаҳои асосии Паёмро шарҳу тавзеҳ дод. Зимни баромад таъкид гардид, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими роҳнамо самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, таҳкими давлатдорӣ, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноату кишоварзӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардумро муайян менамояд. Ҳамзамон, масъулин ва сокинони ҷамоат вобаста ба татбиқи амалии дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати саҳмгузорӣ дар пешрафти ноҳия ва ободонии маҳал изҳори омодагӣ карданд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки татбиқи саривақтии нуқтаҳои Паём бо иштироки фаъолонаи аҳолӣ метавонад ба рушди устувори ноҳия ва беҳбудии зиндагии мардум мусоидат намояд.

