Ҷиҳати дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва бо роҳбарии раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо ва кормандони муассисаҳои дахлдор дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти маҳаллӣ роҳҳо, биноҳо ва дарахтонро аз барф пурра тоза намуданд. Роҳҳои марказӣ ва маҳаллаҳо барои ҳаракати бехатар омода гардида, муҳити атроф ва дарахтон аз барф пок шуда, эҳтиёҷоти аҳолӣ дар фасли сарди зимистон бо назардошти талаботи беҳдоштӣ ва амниятӣ таъмин гардид.
Ин тадбир намунаи ҳамкории муассири мақомоти иҷроия бо аҳолӣ буда, саҳми назаррас дар беҳбуди муҳити зист ва амнияти шаҳрвандон дорад.

