Тибқи дастуру супоришҳои раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, бо мақсади таъмини ҳаракати бемонеаи нақлиёт ва баланд бардоштани сатҳи бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия корҳои бартарафсозии барф ва тоза намудани роҳҳои автомобилгард ба роҳ монда шуд.
Дар рафти корҳои анҷомдодашуда роҳҳои асосӣ ва дохилии ҳудуди ноҳия аз барф ва ях тоза гардида, шароити мусоиди ҳаракати нақлиёт фароҳам оварда шуд. Корҳои мазкур зери назорати доимӣ қарор дошта, вобаста ба вазъи обу ҳаво тадбирҳои иловагӣ амалӣ мегарданд.

