Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАҚВИЯТИ РИОЯИ ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ВА ПЕШГИРИИ ТАМБАШАВИИ НАҚЛИЁТ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳаракати роҳ, пешгирӣ аз тамбашавии нақлиёт ва таъмини амнияти мусофирон дар маркази ноҳияи Рашт бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ (ШБДА) ва Ҷамоати шаҳраки Ғарм бо ронандагони нақлиёти мусофиркаш вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъулин ба ронандагон қоидаҳои ҳаракати роҳро фаҳмонда, таваҷҷуҳи онҳоро ба риояи қатъии меъёрҳои ҳаракат, пешгирии тамбашавии нақлиёт ва таъмини тартиботи роҳ ҷалб намуданд. Зикр гардид, ки риояи қоидаҳои ҳаракат, эҳтиёткорӣ ва ҳисси масъулият аз ҷониби ронандагон омили асосии пешгирии ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт мебошад.
Ҳадафи асосии баргузории ин чорабинӣ коҳиш додани садамаҳои роҳу нақлиёт, беҳтар намудани танзими ҳаракати нақлиёт ва таъмини амнияти мусофирон дар нақлиёти мусофиркаш арзёбӣ гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ аз ронандагон даъват ба амал оварда шуд, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро ҳамеша риоя намуда, ба таъмини бехатарӣ, интизоми ҳаракат ва хизматрасонии босифат ба мусофирон диққати ҷиддӣ диҳанд, то ки ҳаракати нақлиёт дар ҳудуди ноҳия мунтазам, танзимшуда ва бехатар таъмин гардад.