Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ЗАНОН БАРГУЗОР ГАРДИД.

 Санаи 8 январи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт  Шӯрои занон ва оилаи МИҲД баргузор гардид.
Дар  ҷаласа муовини раиси ноҳия Ҷононзода Маҳмадисо,  аъзои Шӯрои занон ва масъулони шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲДи ноҳияи Рашт иштирок намуданд.
Зимни
ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
— фаъолияти шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИ
ҲДи ноҳияи Рашт ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2026;
— рафти и
ҷрои бандҳои барномаҳои давлатӣ ва «Стратегияи соҳавӣ»;
— тасди
қи нақшаи кори шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲДи ноҳияи Рашт.
Аз р
ӯи масъалаи якум масъулини шуъба баромад намуда, оид ба корҳои анҷомёфта ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъда маълумот доданд. Таъкид гардид, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти занон ва оила тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Ҳамчунин рафти иҷрои барномаҳо ва стратегияҳои соҳавӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳо пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.