Санаи 10 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати мамлакат муҳтарам Нурмаҳмадзода Тоҷиддин, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 баргузор гардид.
Нахуст муовини якуми раиси ноҳия Шарифзода Ҳамдулло Ҳоҷӣ аз рӯи масъали якум доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 ҳисобот дод.
Дар ин росто, раиси ноҳия Идизода Зарина аз рӯйи ҳисоботи масъулин натиҷагирӣ намуда, оид ба масъалаи иҷроиши андоз, истифодаи дурусти заминҳои кишоварзӣ, вусъати кишти баҳорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, ба кор даровардани корхонаҳои саноатӣ, таъмири роҳҳо, тандурӯстӣ, маориф, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳо шахсони масъулро пурсида, ҷиҳати таъмини иҷрои корҳо ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Тоҷиддин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва тақвиятбахшии корҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таъмини сифатноки нақшаи андозҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, саноатикунонии босуръат, таъмини шуғлнокии аҳолӣ, истифодаи сарфакоронаю самараноки обу замин, зиёд намудани майдони кишти картошка, ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардумро таъкид намуда, ба масъулини дахдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Инчунин, супориш доданд, ки муҳтамои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи фаъолияти ҳаррўзаи хеш дониста, дар деҳаву маҳаллаҳо ба табақаҳои гуногуни ҷамъият корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намоянд.
Дар фарҷом ба нафароне, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагидорӣ саҳми муносиб гузошта буданд аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

