Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ПАЁМ – РАҲНАМО БА СӮИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Рӯзи и 25 декабри соли равон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Идизода  Файзали  Фузайлшо бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Рашт баргузор гардид.
Идизода Файзалӣ мазмуни  муҳтавои Паёми Пешвои миллатро ба самъи ҳозирин расонда, вобаста ба сиёсати дохилию хориҷӣ, пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, роҳу нақлиёт, нақши занону ҷавонон дар ҷомеаи имрӯза ба тафсил ҳарф зад.  Дар ҷамъомад ҳамчунин собиқадори соҳаи маориф С. Каримов , омӯзгорон Шаҳноза Ҳасанова, Шараф Садиров,  Рамазон Неъматов ва Ситора Додова баромад намуда андешаҳои хешро оид ба мазмуну муҳтавои паёми Президенти мамлакат иброз доштанд.